Нигина амонкулова – бе ту ист ғамам "без тебя засела печаль"

626
hamu4ok
hamu4ok44244

    НИГИНА АМОНКУЛОВА – Бе ту ист ғамам «БЕЗ ТЕБЯ ЗАСЕЛА ПЕЧАЛЬ» на стихотворение Фарзонаи Худжанди

    ~~~~ припев | chorus ~~~~
    Чӣ гуна бо ту бигўям, ки бету ист ғамам,
    Ҳазор сол гузашту намеравад аламам.
    Маро муҳаббати ту иқтидори ҳастӣ дод,
    Ба хотири ту зиям, варна тўъмаи адамам
    ~~~~~~~~~~~~~
    [2x]

    Зи ту тиҳӣ шудани ман зи худ тиҳӣ шудан аст,
    Чӣ сон ҳавои туро ронам аз сару қадамам.
    Ба чашми чашма бияфтод ашки раҳмати абр,
    Биёву чашми наматро бинеҳ ба чашми намам,
    [2x]

    припев | chorus

    Ба бўи васл ба по омадӣ, хато кардӣ,
    Ба дил биё, ба дили ман, ба Каъбаву ҳарамам.
    Ба чашми чашма бияфтод ашки раҳмати абр,
    Биёву чашми наматро бинеҳ ба чашми намам,
    [2x]

    припев | chorus

    ===== оригинал стихотворения Фарзонаи Худжанди ====

    Чӣ гуна бо ту бигўям, ки бету ист ғамам,
    Ҳазор сол гузашту намеравад аламам.
    Маро муҳаббати ту иқтидори ҳастӣ дод,
    Ба хотири ту зиям, варна тўъмаи адамам.
    Зи ту тиҳӣ шудани ман зи худ тиҳӣ шудан аст,
    Чӣ сон ҳавои туро ронам аз сару қадамам.
    Ба чашми чашма бияфтод ашки раҳмати абр,
    Биёву чашми наматро бинеҳ ба чашми намам,
    Ба бўи васл ба по омадӣ, хато кардӣ,
    Ба дил биё, ба дили ман, ба Каъбаву ҳарамам.
    Фаротар ову бубин дар сапедаи коғаз,
    Тулўи себи диламро зи шохаи қаламам.

    Комментарии

    Для добавления комментариев необходимо авторизоваться.