Нигина Амонкулова – Ошикам "ВЛЮБЛЕНА" (2021)

553
hamu4ok
hamu4ok44244

    Nigina Amonqulova – Oshiqam

    Текст песни:

    Ҳам ба пирҳан, ҳам ба бӯят ошиқам
    Ҳам ба рӯву, ҳам ба мӯят ошиқам.

    Ошиқам ҳатто ба ғамҳои ту ман,
    Ҳам ба хокистони кӯят ошиқам.
    [2x]

    Ошиқам, ошиқтарам кун боз, боз!
    Эй, рафиқи ҳамнафас, эй дилнавоз!
    [2x]

    То ба авҷи лаҳзаи девонагӣ
    То даме аз ҳештан бегонагӣ
    То саранҷоми тапишҳои танам
    Эй, ба сон аз дил, аз пироҳанам

    Ман ба рагҳои вуҷудат ошиқам
    Ман ба ҳар як тору пудат ошиқам

    Бо ҳаме ранҷе, ки аз ту дидаам
    Ҷони ширинро ба ту бахшидам
    [2x]

    Ошиқам, ошиқтарам кун боз, боз!
    Эй, рафиқи ҳамнафас, эй дилнавоз!

    Эй, ба меъроҷи ҷунуни ман биё
    Қуллаи аммо пари арзаам биё
    Оҳ, мехоҳам, ки ногаҳ барканам
    Куртаи пирорҳоро аз танам

    Ҳам ҷавори қиссаи дарё шавам
    Пок аз ҳангомаи дунёи шавам
    Эй, ғазалзоди рӯбои озарам
    Гарм кун бо машъали худ, пайкарам

    Ошиқам, ошиқтарам кун боз, боз!
    Эй, рафиқи ҳамнафас, эй дилнавоз!
    [2x]

    Комментарии

    Для добавления комментариев необходимо авторизоваться.